Таҳсили 40 ҳазор донишҷӯи афғонистонӣ дар Эрон
(last modified Tue, 02 May 2023 06:55:12 GMT )
Май 02, 2023 11:55 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили 40 ҳазор донишҷӯи афғонистонӣ дар Эрон

Қоиммақоми вазири улӯм, таҳқиқоту фанноварии Эрон дар умӯри байналмиллал аз таҳсили беш аз 40 ҳазор донишҷӯи афғонистонӣ дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ваҳиди Ҳаддодии Аслоиммақоми вазири улӯм, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар умӯри байналмиллал бо баёни инки ҳудуди 40 ҳазор донишҷӯии афғонистонӣ дар ин кишвар машғӯли таҳсил ҳастанд, тасреҳ кардаъд аз эҷоди маҳдудияти таҳсил барои духтарони афғонистонӣ се донишгоҳи Эрон, шомили Аззаҳро, Кавсар ва ҳазрати Маъсума ( с ) эълом омодагӣ карданд, то донишҷӯёни мутақозиро пазириш кунанд .
Ҳаддодии Асл афзуд маҳдӯдияте барои ҷазби донишҷӯёни афғонистонӣ дар Эрон вуҷуд надорад.
Вазорати таҳсилоти олии Толибони Афғонистон чанде пеш ба донишгоҳҳои хусӯсӣ ва давлатии ин кишвар дастур дод, ки таҳсили духтаронро ба ҳолати таълиқ дароваранд .
Мамнӯъияти таҳсилоти олӣ барои духтарон дар Афғонистон аз сӯи ҳукӯмати Толибон пас аз он сурат мегирад, ки ҳазорон духтару зан дар саросари Афғонистон дар имтиҳоноти вурӯдии донишгоҳ ширкат карда буданд ва бисёре аз онҳо орзӯ доштанд бо таҳсил дар риштаҳои мавриди алоқа ба кишвари худ дар арсаҳои мухталиф ҳамчун пизишкӣ хизмат кунанд .
Толибони пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон дар 2021 мадориси духтаронаи болотар аз мақтаи шашуми ибтидоиро таътил кард ва занони шоғил дар идоротро ба хонаҳо фиристод .
 
Бештар бихонед :