Май 04, 2023 11:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Башор Асад бар ҳузӯри Сурия ва Эрон дар ҷаҳони чанд қутби
    Таъкиди Башор Асад бар ҳузӯри Сурия ва Эрон дар ҷаҳони чанд қутби

Раисиҷумҳӯрии Сурия пас аз имзои ёддошти тафоҳум бо раисиҷумҳӯри Эрон гуфт ҳарду кишвар ин иродаро дорем, ки бозигари муассир дар ҷаҳони ҷаддид, ки дар остонаи ташкил аст бошем.

Раисҷумҳӯри Сурия пас аз имзои ёддошти тафоҳум бо раисиҷумҳӯри Исломии Эрон гуфт ҳарду кишвар ин иродаро дорем, ки бозигари муассир дар ҷаҳони ҷаддид, ки дар остонаи ташкил аст бошем.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Ал-Ахборияи Сурия, Башор Асад раисиҷумӯри Сурия чаҳоршанбе шаб пас аз имзои ёддошти тафоҳум бо Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳӯри  Исломии Эрон гуфт, ин таҳаввулот, дурӯстии усули сиёсии дукишварро собит мекунад ва суботи ин усул, ба мо қудрати ҳидояти ҳаводис ва натоиҷи онро дар ҷиҳати манофеъи кишварамон ва миллатҳоямон медиҳад.

Башор Асад тасреҳ кард, беҳтарин васила барои муқобила бо қудратҳои истеъморӣ, баҳрагирӣ аз фурсатҳои мусабти мавҷӯд ва беҳбӯди равобити байни бархе кишварҳои минтақаӣ аст ва дар ин росто аз таҳаввули равобити байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ истиқбол мекунем, чаро, ки бозтоби мусбати бузурге бар масунияти кишварҳо  дар ин минтақаи муҳими ҷаҳон хоҳад буд.

Барчасп