Май 04, 2023 18:46 Asia/Dushanbe
  •  Мубодилоти нашри Эрону Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ - тоҷикӣ дар Тоҷикистон гуфт : Мубодилоти нашри Эрону Тоҷикистон афзоиш ёфтааст .

Ҳасани Қарибӣ бо ишора ба инки дар чанд соли ахир мубодилоти нашри Эрону Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, баён кард : Давлати Тоҷикистон дар талош барои беҳтар кардани саноъати нашри кишвари худ аст ва умедворем ин беҳбуд дар сояи равобиту таъомул бо Эрон анҷом шавад . Тоҷикҳо ба бисёре аз осоре, ки дар Эрон мунташир мешавад алоқа доранд .
Ба гузориши хабаргузории Хабаронлайн ба нақл аз ситоди хабарии сию чаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, Ҳасани Қарибӣ- мудӣри равобити байналмилали Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар бораи табодули саноъати нашри Эрону Тоҷикистон баён кард : Табодули китоб ва баргардони осори ду кишвар суннатӣ буда, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистони равнақи бештаре гирифту идома пайдо кард.

 

Барчасп