Май 06, 2023 10:46 Asia/Dushanbe
  • Амнияти Эрон ; рутбаи нахуст дар байни шавқмандии мардуми Арманистон

Гузорише ки ахиран Муассисаи байналмилалии " Репобликан ", аз як назарсанҷии ҷомеъ аз Арманистон мунташир карда нишон медиҳад, ки Эрон аз назари амният барои шаҳрвандони арманӣ рутбаи нахустро дар байни дигари кишварҳо ба худ ихтисос додааст

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гузориши ҷомеъу мунташиршуда бар асоси назарсанҷии ба амаломада тавассути ин муассиса аз мардуми Арманистон, дорои нукоти ҷолиб дар мавриди алоқаҳову салиқаои гароишҳои ҷомеъаи армании ин кишвар вуҷуд дорад .
Дар ин гузориш дар бораи амният омада, ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо 54 дарсад дар рутбаи нахуст ва Фаронсаву Русия дар рутбаҳои баъдии муҳимтарин кишварҳои ҳампаймони Арманистон дар ҳавзаи амниятӣ ҳастанд .
Ҳамчунин ин гузориши афзӯда ки баъд аз Фаронса Эрон ба унвони кишвари мавриди алоқаи мардуми Арманистон дар миёни дигари кишварҳо дар хусӯси робитаву таъомули бештар дар рутбаи дувум қарор дорад ва 38 дарсад аз мардуми Арманистон равобити миёни ду кишварро бисёр хуб ва 53 дарсад низ хуб тавсиф кардаанд .
Бар асоси ин гузориш 67 дарсад аз мардуми Арманистон дар бораи муҳимтарин ҳампаймони сиёсии кишварашон Эронро баргузидаанд. Ҳамчунин дар бораи муҳимтарин ҳампаймони иқтисодӣ барои шаҳрвандони Арманистони ҳам назари мардуми ҷомеъаи ҳадаф дар ин назарсанҷӣ баъд аз Русия бо 61 дарсад, Эрон бо 60 дарсад дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтааст .

 

Барчасп