Май 06, 2023 16:33 Asia/Dushanbe
  • Хурсандии Покистон аз пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай

Вазири умӯри хориҷаи Покистон пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхайро ба Теҳрон табрик гуфт.

Узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай 17 сентябри 2022 расман таъйид шуд. Вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои узви ин созмони минтақаӣ бо ҳузур дар шаҳри Гоаи Ҳинд аз дирӯз дар ин нишасти дурӯза ширкат кардаанд.

Мароҳили поёнии раванди узвияти Эрону Беларус аз мавзуоти мавриди баҳс дар ин нишаст эълом шудааст.

Билавал Бҳутто Зардорӣ, вазири умури хориҷаи Покистон рӯзи ҷумъа зимни табрик ба Ҷумҳурии исломии Эрон ба муносибати пайвастани ин кишвар ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар ояндаи наздик, гуфт: Покистон аз узвияти Эрон ва чаҳор кишвари дигар дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба унвони тарафҳои ҷадиде барои гуфтугӯ истиқбол мекунад.

Вазири хориҷаи Покистон бар ҳимояти ин кишвар аз чандҷонибагароӣ дар маҷомеъи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милал барои кумак ба барқарории равобити дӯстона миёни кишварҳо таъкид кард ва аз паёмадҳои мусбати наздикии Теҳрон – Риёз сухан ба миён овард.

 

Барчасп