Афзоиши сатҳи равобити Эрон ва Узбакистон бо иҷрои тавофуқномаҳо
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: 18 тавофуқнома ва тафоҳумномаи ҳамкори миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбакистон имзо шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раисӣ дар дидори Нуриддинҷон Исмоилов раиси маҷлиси қонунгузории Узбакистон гуфт: 18 тавофуқномаи ва тамоҳумномаи ҳамкори миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбакистон ба имзо расид, ки тасриъ дар иҷроӣ шудани онҳо сатҳи равобитро ба шиддат афзоиш хоҳад дод.
Раиси ҷумҳур дар идома афзуд: Табодули таҷрубиёт миёни маҷлисҳои Эрон ва Узбакистон муассир ва мусбат дар ҷиҳати рушди равобит миёни ду кишвар хоҳад буд.
Раисӣ иштирокоти тамадуни ва фарҳангӣ миёни Эрон ва Узбакистонро заминаи барои густариш ва иртиқои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ донист ва изҳор дошт: Агарчи равобити сиёсӣ ва иқтисодии Эрон ва Узбакистон дар соли гузашта вазъиятеро нисбат ба қабл мутафовит кард, аммо зарфиятҳои мавҷуд дар ду кишвар эҷод мекунад барои иртиқои равобити иқтисодӣ ва тиҷории дутараф талоши музоаф дошта бошем.
Нуриддинҷон Исомилов раиси маҷлиси қонунгузории Узбакистон низ дар ин дидор бо тамҷид аз сиёсати хориҷии Сайид Иброҳими Раисӣ дар авлавиятдиҳи ба рушди равобит бо ҳамсоягон гуфт: Дар Узбакистон низ мунтабиқ бо ин сиёсати усулӣ дар ҷараёни ислоҳи қонуни асосӣ, рушди равобит бо ҳамсоягон дар авлавият қарор гирифта аст.
Раиси маҷлиси қонунгузори Узбакистон бо баёни ин ки парлумонҳои ду кишвар бояд дар рушди ҳамкориҳои давлатҳо нақши муассир ифо кунанд таъкид кард: Итминон медиҳам парлумони Узбакистон ҳамаи имконот ва зарфиятҳои худро дар ростои иҷрои шудани тавофуқот миёни ду кишвар ба кор гирад.