Май 07, 2023 16:32 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси маҷлиси Узбекистон ба Машҳад

Раиси маҷлиси Узбекистон вориди Машҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Нуриддинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси қонӯнгузории Узбекистон дар садри як ҳайати порлумонӣ рӯзи якшанбе вориди Машҳад шуд.

Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ дар бадви вуруди Исмоилов ба фурудгоҳи шаҳид Ҳошимӣ Нажоди Машҳад аз вай ва ҳайати ҳамроҳ истиқболи расмӣ кард.

Исмоиловро чаҳор нафар аз намояндагони Маҷлиси қонунгузорӣ ва Сенати ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин Ғуломризо Нурӣ, раиси гуруҳи дӯстии порлумонии Эрону Узбекистон ва намояндаи Бустонободи устони Озарбойҷони Шарқӣ дар ин сафар бо ҳайати порлумонии Узбекистон ҳамроҳ аст.

Зиёрати ҳазрати имом Ризо (а), боздид аз масҷиди Гавҳаршод шоҳкор ба ҷомонда аз давраи Темурӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, дидору гуфтугӯ бо устондори Хуросони Разавӣ ва боздид аз парки илму фанноварии Хуросони Разавӣ аз барномаҳои сафари як рӯзаи ҳайати порлумонии Узбекистон дар сафар ба Машҳад аст.

Раиси Маҷлиси қонӯнгузории Узбекистон шомгоҳи 15 урдибиҳишт вориди Теҳрон шуд. Исмоилов, ки ба даъвати расмии раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар садри ҳайати порлумонӣ ба Эрон сафар кардааст, дирӯз низ бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дидору гуфтугӯ кард.