Дурахшиши дуввумин зани риёзидони эронӣ дар донишгоҳи Ҳарвард
Тино Туркмон риёзидони нухба ба унвони дуввумин зани эронӣ пас аз Марями Мирзохонӣ муваффақ ба ахази мадраки Доктори риёзӣ маҳз аз донишгоҳи Ҳарварди Амрико шуд.
Ба гузориши Ирно, ДокторТино Туркмон риёзидони нухбаи эронӣ, ки дар соли 2013 дар панҷоҳу чаҳорумин олимпиядаи ҷаҳонии риёзи, дуввумин зани бартари ҷаҳон шуда буд, ба тозаги муваффақ шуд бо роҳнамоии Прафасор Куртим Мекмуллен (барандаи медали Фиелдс) дифоъ кунад.
Ин риёзидонӣ эронӣ, ки алоқаманд ба дарки мутолеъаи геометрия ва мабҳаси диномик аст, мақтаъи коршиносии риштаи риёзиро дар 2017 дар донишгоҳи Санъати Шариф дар Теҳрон ба поён расонд ва дар ҳамон сол ба сурати мустақим барои мақтаъи доктории риёзиёти донишгоҳи Ҳарвард пазирӯфта шуд.
Доктор Туркамон дар соли 2012 медали таллои олпиядаи риёзии кишварро дарёфт кард ва дар соли 2013 низ медали нуқраи олимпиядаи риёзиётро бар гардан овехт. Туркмон медали таллои рақобати байналмиллалии риёзиётро дар соли 2015 ба ҳамроҳи як медали талло ва як медали бириҷии кишвариро низ дар корномаи худ дорад.
Бар асоси гузориши донишгоҳи Санъати Шариф, ин риёзидон пас аз Фаршид Ҷамшедиён (1980), Марями Мирзохонӣ (2004) Алиакбар Доимӣ ( 2014). панҷумин эроние аст. ки муваффақ ба ахази дараҷаи доктори аз донишгоҳи Ҳарвард шудааст.
Зиндаёд Марям Мирзохонӣ аз риёзидони барҷаста ва донишомӯхтаи номовари эронӣ низ донишомӯхтаи донишгоҳи Санъати Шариф. риёзидони эронӣ ва устоди донишгоҳи Станфорд буд.
Мирзохонӣ аввалин зан ва аввалин эроние аст, ки барандаи медали Фиелдс аст. Вай дар 14 июли 2017 дар 40 солагӣ ба далели ибтило ба саратон дар бемористоне дар Калифурниё даргузашт.