Май 08, 2023 11:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар бахши беҳдошт
    Афзоиши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар бахши беҳдошт

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар дидор бо вазири беҳдошти Тоҷикистон, бар афзоиши ҳамкориҳои дукишвар дар бахши беҳдошт таъкид карданд.

Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошти Эрон дар дидор бо Ҷамолиддини Абдуллоҳзода вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт: Лозим аст марзҳои  кишварҳои минтақа ҳамонанди Иттиҳодия Аврупо дар ҳавзаи ҳамкориҳои илмӣ ва саломат бардошта шавад то донишмандон ва донишҷӯёни кишвраҳои минтақа битавонанд бо тасҳил дар рафту омад ба пешрафти низомҳои саломат кумак кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс. Айнуллоҳӣ дар ҳошияи Иҷлоси гурӯҳи 5 ва дар дидори вазири беҳдошти Тоҷикистон, афзӯд: Дар давлати сездаҳум бо рӯйкарди тақвияти иртибот бо ҳамсоягон, сафарҳои муътадиди мақомоти эронӣ ба Тоҷикистон сурат гирифта ва ин нишондиҳандаи алоқаи дукишвар барои густариши равобит аст.

Барчасп