Еревонӣ : Эрониён нақши Ғарб дар кумак ба Саддомро фаромӯш намекунанд
Амирсаъиди Еревонӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал гуфт : Мардуми Эрон ҳаргиз нақшеро, ки бархе кишварҳои ғарбӣ дар кумак ба режими Саддом дар истифодаи систематӣ аз силоҳҳои кимиёӣ алайҳи мардуми Эрон дар ҷараёни ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон ифо карданд, фаромӯш намекунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъиди Еревонӣ рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои амният дар мавриди парвандаи кимиёии Сурия афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони қурбонии аслии силоҳҳои кимиёӣ истифода аз силоҳҳои кимиёӣ тавассути ҳар касе, дар ҳар макону таҳти ҳар шароитеро ба шиддат маҳкум мекунад .
Еревонӣ бо баёни инки истифода аз силоҳҳои кимиёӣ ҷиноят алайҳи башарият ва поймолсозии ошкори қавонини байналмиллалӣ аст, тасреҳ кард : Ба далели иқдомоти музир ва стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид қодир ба анҷоми вазоифи маншурии худ барои анҷоми иқдомоти муассир барои посухгуии омилон барои чунин ҷиноёти ваҳшиёнае нест .
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал гуфт : Эрон нигарони баҳрабардорӣ ва сиёсӣ кардани Конвенсия ва Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ аст, ки боиси ихтилофи байни кишварҳои узв ва тазъифи эътибору машрӯъияти созмон шудааст .
Еревонӣ дар идома гуфт : Димишқ ба таъаҳҳудоти худ бар асоси Конвенсия амал карда ва ба ҳамкорӣ бо Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ идома медиҳад .
Вай афзуд : Илова бар ин давлати Сурия ба таври муназзам гузоришҳои моҳонаро ба мудири кулли Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ироа мекунад.
Сафири Эрон тасреҳ кард : Рӯйкарди сиёсӣ ва дугона ба парвандаи Сурия танҳо дурӣ аз мабоҳиси фаннӣ дар дастури кори Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ва монеъ аз ҳали масоили боқимонда мешавад .
Бештар бихонед :