Гуфтугуи телефонии Амирабдуллоҳиён бо Ҷозеф Боррел
Дар гуфтугуи телефонии Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон бо Ҷозеф Боррел-масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо охирин таҳаввулоти марбут ба равобит бо Аврупо гуфтугуҳои Эрону Аврупо ва низ таҳаввулоти Украина мавриди табодули назар қарор гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугу асли гуфтугу бар асоси эҳтироми мутақобилро гоми муҳиму таъйинкунанда барои рафъи мавонеъу ҳаракат ба самти пеш дар масири муносиботи Аврупову Ҷумҳурии исломии Эрон донист ва бо ишора ба гуфтугуҳои анҷомшудаи ахири Эрон бо Аврупо изҳор дошт : Бардошти мо ин аст, ки тарафҳои муқобил дар масири бардоштани гомҳои мусбат қарор доранд .
Амирабдуллоҳиён афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора аз ибтикороти созанда истиқбол мекунад.
Вай дар посух ба изҳороти Боррел дар мавзӯи эъдоми терруристи ҳодисаи Аҳвоз тасреҳ кард : Бархе мақомоти аврупоӣ ба ҷои инки дар муқобила бо тероризм азми росихи худро ба намоиш бигузоранд,муттаассифона бо мавозиъи мудохилаҷӯёна ба тарвиҷи падидаи шуми тероризм кумак мекунанд .
Дар ин гуфтугуи охирин вазъияти таҳаввулоти Украина низ баррасӣ шуд.
Боррел низ дар ин гуфтугу зимни истиқбол аз ҳамкориҳои дар ҳоли анҷоми миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ тадовуми онро муфиду мусбат арзёбӣ кард.
Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умӯри хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ гуфт : Барҷом барои Иттиҳодияи Аврупо муҳим аст ва барои бозгашти ҳамаи тарафҳо ба он талош мекунем.
Боррел ҳамчунин бо ишора ба раванди оддисозии равобит миёни Теҳрону Риёз онро гоми муҳим дар тақвияти суботи минтақаӣ донист .