Май 12, 2023 18:24 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон
    Густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон гуфт, давраи ҷадиде аз ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон оғоз шудаву имсол Тоҷикистон меҳмони вижаи Намоишгоҳи китоби Теҳрон аст.

Нишасти чашмандози таомулоти фарҳангии Эрону Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ ва Зулфия Давлатзода, вазирони фарҳанги Эрону Тоҷикистон, Ёсир Аҳмадванд, раиси Намоишгоҳи китоб ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар “Сарои милал”-и бахши ноширони хориҷии сивучаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар ин нишаст гуфт: Намоишгоҳи китоби Теҳрон маҳфиле барои афзоиши таомулоти фарҳангӣ ва густариши меҳрварзиву дӯстиҳост.

Исмоилӣ бо ишора ба пайвандҳои таърихиву фарҳанги амиқ байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон гуфт: Бояд шароитро барои ҳузури ҳунармандону чеҳраҳои фарҳангӣ дар ҳар ду кишвар фароҳам кард.

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам бо қадрдонӣ аз истиқболи гарми эрониҳо аз ҳайатҳои фарҳангии Тоҷикистон гуфт: Робитаҳои фарҳангии ду кишвари ҳамзабони Тоҷикистону Эрон бо саъю талоши ҳар ду кишвар ҳамвора густариш ва тавсеа меёбад.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон низ гуфт, дар тӯли 32 соли истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, таомулоти фарҳангӣ байни ду кишвар аз бахшҳои пешгом буд ва асори зиёде аз шоирону адибони тоҷик дар Эрон чоп шудааст.