Рӯнамоӣ аз тақризи мақоми муаззами раҳбарӣ бар китоби «Хотун ва қумондон»
(last modified Fri, 12 May 2023 14:28:44 GMT )
Май 12, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Тақризи раҳбарӣ ба китоби
    Тақризи раҳбарӣ ба китоби "Хотун ва қумондон"

Муовини дафтари ҳифзу нашри осори Раҳбари муаззами инқилоби Эрон гуфт: «Чаҳордаҳумин посдошти адабиёти ҷиҳоду муқовимат» ҳамроҳ бо рӯнамоӣ аз тақризи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бар китоби «Хотун ва қумондон» тавассути Муассисаи пажӯҳишии фарҳангии инқилоби исломӣ дар Машҳад баргузор шуд.

Китоби «Хотун ва қумондон» ривояти зиндагии хонум Уммулбанин Ҳусайнӣ, ҳамсари шаҳид Алиризо Тавассулӣ, фармондеҳи барҷаставу пурифтихори лашкари Фотимиюн аст, ки дар 336 сафҳа ба қалами хонум Марями Қурбонзода навиштаву тавассути “Нашри Ситораҳо” чопу мунташир шудааст.

Ин маросим, ки рӯзи ҷумъа, 22 урдибиҳишти 1402 (12 майи 2023) ва ҳамзамон бо даҳумин солгарди таъсиси лашкари Фотимиюн дар Машҳади муқаддас баргузор шуд, ба сурати зинда аз расонаи KHAMENEI. IR ва шабакаҳои симо пахш шуд.