Эрону Арабистон дар масири таъомулоти муносиби иқтисодӣ
(last modified Sat, 13 May 2023 08:25:21 GMT )
Май 13, 2023 13:25 Asia/Dushanbe
  • Эрону Арабистон дар масири таъомулоти муносиби иқтисодӣ

Вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон гуфт : Эрону Арабистон дар масири таъомулоту муносиботи иқтисодӣ ба ҷамъбандиҳои хубе хоҳанд расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайидэҳсон Хондузӣ-вазири иқтисоду дороии Эрон, ки рӯзи панҷшанбе барои ҳузур дар иҷлоси солиёнаи Банки тавсеаи исломӣ ( IsDB ) ба Ҷиддаи Арабистон сафар кардааст, дар ҳошияи ин иҷлос дар мусоҳиба бо рӯзномаи Шарқл-авсат гуфт : Дар ҳошияи иҷлос бо вазири умӯри иқтисодии Арабистони саъудӣ мулоқот хоҳам кард ва муътақидам Эрону Арабистон дар масири таъомулоту муносиботи иқтисодӣ ба ҷамъбандиҳои хубе хоҳанд расид.
Хондузӣ бо баёни инки сиёсати давлати ҷадиди Эрон тавсеаи иртиботот бо ҳамсоягон ва кишварҳои арабӣ аст, тасреҳ кард : Мо аз ҳар мавзӯе, ки сабаби равобити наздиктар бо ҳамсоягон ва кишварҳои арабӣ ва тавсеаи ин равобит ба шакле мутамойиз бошад аз ҷумлаи таҳкими равобит истиқбол мекунем.
Вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон хотирнишон кард : Дастури кори давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ва пешниҳоди мо низ барои ғалаба бар буҳронҳои иқтисодӣ, табодули фанноварӣ байни кишварҳои исломӣ ва густариши таъомулоти иқтисодии байни кишварҳои ҷаҳон ва ба вижа минтақа аст .
Иҷлоси солонаи Банки тавсеаи исломӣ бо ҳузури мақомоти беш аз 50 кишвари узви Созмони ҳамкории исломӣ дируз ҷумъа дар Ҷиддаи Арабистон расман оғоз ба кор кард.
 
Бештар бихонед :