Май 13, 2023 13:36 Asia/Dushanbe
  •  Тамдиди содироти гази Эрон ба Ироқ то 5 соли оянда

Вазири нафти Эрон бо ёдоварии инки Эрон ҳамакнун ду қарордоди интиқоли газ бо нерӯгоҳҳои Бағдоду Басраи Ироқ дорад, гуфт : Бар асоси тавофуқи ду тараф ин ду қарордод таи панҷ соли оянда тамдид хоҳад шуд .

Вазири нафти Эрони бомдоди чаҳоршанбе ، дар садри ҳайати баландпоя барои дидору ройзанӣ бо мақомҳову масъӯлони ироқӣ вориди Бағдод шуд .
Дар ҷараёни сафари Ҷаводи Авҷӣ ба Ироқ тафоҳумномаи ҳамкории Эрону Ироқ дар ҳавзаи нафт, газ ва петрошимӣ шомгоҳи чаҳоршанбе ( 10 май 2023 ) дар ҳузури нахуствазири Ироқ байни вазирони нафти ду кишвар имзо шуд .
Бар асоси тавофуқи Эрону Ироқ муқарар шуд тафоҳумномаи имзошудаи байни ду тараф аз тариқи нишастҳои коргурӯҳи муштараки олии ду кишвар пайгирӣ шавад.
Дар ҳамин росто вазири нафти Эрон пас аз дидор бо Зиёдалӣ Фозил-вазири барқи Ироқ дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои Эрону Ироқ дар ҳавзаи нафту газ ва петрошимӣ гуфт : Бар асоси тафоҳумномае, ки бо тарафи ироқӣ имзо шуд дар заминаи табодули иттилоот, иктишофу тавсеаи майдонҳои муштараки нафтӣ дар қолаби якпорчасозии тавсеаи ин майдонҳо бо Ироқ ҳамкорӣ хоҳем дошт .
Авҷӣ бо баёни инки сохти хутути лӯлаи интиқоли нафту газва беҳсозии полоишгоҳҳои нафти Ироқ аз дигар меҳварҳои қайдшуда дар тафоҳумномаи ду кишвар аст, тасреҳ кард : Яке аз дастовардҳои ин сафар тамдиди қарордоди содироти газ бо вазорати барқи ин кишвар буд, ки масоили каршиносӣ дар ин замина ба таври комил ҳал шудааст .
Вазири нафти Эрон бо ёдоварии инки Эрон ду қарордоди газӣ бо нерӯгоҳҳои Бағдоду Басраи Ироқ дорад, афзуд : Бар асоси тавофуқи ду тараф ин ду қарордод таи 5 соли оянда тамдид хоҳад шуд.
 

 

Барчасп