Май 13, 2023 13:48 Asia/Dushanbe
  •  Эрон қаҳрамони вазнабардории Осиё шуд

Рақобатҳои вазнабардории қаҳрамонии Осиё зуҳри имрӯз бо баргузории рақобати дастаи фавқисангин дар Кореяи ҷанубӣ ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар поёни ин мусобиқот дар радабандии тимӣ, тими миллии Эрон бо 635 имтиёз ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфт ва Узбекистон бо 631 имтиёз дар радаи дувум истод . Чин низ мақоми сеюмро ба худ ихтисос дод.
Тими миллии Эрон дар ин давра аз рақобатҳо соҳиби 2 тилло, 3 нуқра ва 5 бринҷа шуд . Ҳусайни Султонӣ 2 тилло ва як нуқра, Оят Шарифӣ ва Алиризои Юсуфӣ ҳар кадом як нуқраӣ ва Мустафо Ҷаводӣ ва Фотимаи Кишоварз ҳар кадом 2 бринҷӣ ва Меҳдии Карамӣ як бринҷӣ касб карданд .  

 

Барчасп