Май 14, 2023 09:54 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Ироқ ба Вазорати хориҷаи Эрон
    Эҳзори сафири Ироқ ба Вазорати хориҷаи Эрон

Сафири Ироқ дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар пайи даъват аз аъзои гуруҳакҳои таҷзиталаб дар маросими расми дар иқлими Курдистони Ироқ ва идомаи бархе таҳарукоти гуруҳакҳои террористии дар ин минтақа, сафири Ироқ дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Раиси идораи аввали Халиҷи Форси Вазорати хориҷаи Эрон зимни иблоғи эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба даъват аз аъзои гуруҳакҳои таҷзияталаб ва низ идомаи бархе таҳарукоти гуруҳакҳои террористӣ дар иқлими Курдистони Ироқ ин иқдомотро муғоир бо тавофуқномаи амниятии ахир байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ тавсиф кард.

Террористҳои таҷзияталаб бо нуфуз дар даруни Эрон ва ҳузур дар миёни мардуми оди ва бархе аз шаҳрвандон иқдом ба ошубсози ва ҳамчунин иҷрои тарҳи куштасози мекунанд.

Барчасп