Таслияти фаро расидани солрузи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ(а)
Май 16, 2023 18:20 Asia/Dushanbe
Сашанбе 16 май соли 2023 мусодиф бо 25 шаволи соли 1444 ҳиҷрии қамари, солрузи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ(а) набераи Паёмбари Акрам(с) аст.
Имом Ҷаъфари Содиқ(а) набераи Паёмбари Акрам(с) ва шашумин пешвои шиъаён дар тули зиндагии мубораки худ тавонистанд наҳзати илми ва фарҳангии бузургеро шуруъ кунанд ва пояҳои илмии макатби шиъаро муҳкам кунанд.
Гуфтугуҳо ва мунозироти имом Ҷаъфари Содиқ(а) бо қудрати мантиқ ва истидлоли ишон ва посухгуӣ ба шубаҳоти динӣ нақши бисёр муҳими дар эҳёи мактаби исломӣ дошта аст.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрузи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ(а)-ро ба ҳамаи мусалмонон таслият мегуяд.
Барчасп