Муовини сиёсии дафтари раисиҷумҳур: Тавофуқномаи эҳдоси роҳи оҳани Рашт - Осторо имзо мешавад
(last modified Wed, 17 May 2023 04:46:56 GMT )
Май 17, 2023 09:46 Asia/Dushanbe
  • Муовини сиёсии дафтари раисиҷумҳур: Тавофуқномаи эҳдоси роҳи оҳани Рашт - Осторо имзо мешавад

Муовини сиёсии дафтари раисиҷумҳурии исломии Эрон, дар матлабе навишт: Тавофуқномаи эҳдоси роҳи оҳани Рашт- Осторо имзо мешавад.

Мувофиқатномаи каридори ҳамлу нақли байналмилалӣ шимол - ҷануби соли 2010 дар Санкт Петербург ба имзои вузарои ҳамлу нақли се кишвари Эрон, Ҳинд ва Русия расид.

Каридори шимол - ҷануб муҳимтарин ҳалқаи тиҷорат байни Осиё ва Аврупо аст, ки дар муқоиса бо масирҳои суннатӣ аз назари масофату замон то 40 дарсад кӯтоҳтар ва аз назари ҳазина то 30 дарсад арзонтар мебошад.

Муҳаммади Ҷамшедӣ, муовини сиёсии дафтари раисиҷумҳур, дар матлабе навишт, тавофуқномаи эҳдоси роҳи оҳани Рашт-Осторо бо суханронии руасои ҷумҳурии Эрону Русия имзо мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Ҷамшедӣ дар ин замина навишт: Ниҳоятан пас аз 23 сол, гузаргоҳи рейлии шимол - ҷануб такмил мешавад, ки ҷануби Осиёро ба шимоли Аврупо муттасил мекунад.

Муовини сиёсии дафтари раисиҷумҳур таъкид кард: Даромадзоии чашмгиру пойдори арзии ин масир метавонад рақибе барои содироти нафт бошад.