Фаъолони иқтисодии Хуросони Разавӣ ва Хатлони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд
(last modified Wed, 17 May 2023 12:52:53 GMT )
Май 17, 2023 17:52 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони иқтисодии Хуросони Разавӣ ва Хатлони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд
    Фаъолони иқтисодии Хуросони Разавӣ ва Хатлони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд

Раисони утоқи бозаргонии Хуросони Разавӣ шимоли шарқи Эрон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкории муштарак имзо карданд.

Ҳайати олирутбаи фаъолони иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон бари табодули назар бо мақомоти устони Хуросони Разавӣ дар заминаи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ба Машҳад сафар карданд.

Ба гузориши ИРНА Яқубалии Назарӣ устондори Хуросони Разавӣ рузи чаҳоршанбе дар маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон, ки дар маҳали утоқи бозаргонии Машҳад баргузор шуд гуфт: Имзои тафоҳумномаи байни Хуросони Разавӣ ва Хатлони Тоҷикистон ҳаракати дар ҷиҳати ҷараёни иқтисоди дар устон аст, ки бояд роҳбурдии он бо бахши хусуси бошад.

Муҳаммадризо Тавакулзода раиси утоқи бозаргони, саноат маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ низ равобити байни фаъолони иқтисодии ин устон ва вилояти Хатлонро бисёр наздик арзёби карду гуфт: Утоқи бозаргонии Хуросони Разавӣ ҳамафзоӣ равобит бо кишвари бадорад ва дусти Тоҷикистонро, ки натиҷаи он беҳбуди равобити ду миллат буд ҳадафгузори карда аст.