Май 18, 2023 16:41 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс ва манотиқи озоди Тоҷикистон

Тафоҳумномаи минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс ва манотиқи озоди Тоҷикистон имзо хоҳад шуд .

Раиси ҳайати мудираи минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс гуфт : Зарфи чанд рӯзи оянда бо ҳузури устондори Хуросони разавӣ, тафоҳумномае байни минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс ва манотиқи озоди Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид.
Дар боздиде ки бо ҳадафи сармоягузорӣ ва тавсеаи иртибототи миёни Эрону Тоҷикистон анҷом гирифт, теъдоде аз тоҷирон, бозаргонон ва мудирони омили манотиқи озоди ин кишвар ва мудирони минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс, мудирони гумрук ва поёнаи марзии Шаҳристон ҳузур доштанд ва аз хатҳои роҳи оҳан,гумрук, анборҳо, сардхонаҳо дидан карданд .
Муҳаммадризои Бараҳманд-раиси ҳайати мудираи минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс дар ҳошияи ин боздид гуфт : Тоҷикистон яке аз кишварҳои муассир, ҳамзабон ва дорои иштирокоти фарҳангии бисёр бо Эрон аст, ки дар ҷаласоти чанд рӯзи ахир ҳайати тоҷикистонӣ тамоюл ва алоқаи худро нисбат ба ҳамкорӣ ва сармоягузории муштараки ду тараф дар кишварҳои якдигар эълом кардааст .
Вай идома дод : Имрӯз боздиди бисёр хубе анҷом шуд ва тарафайн перомуни чандин меҳвар ба тавофуқ расиданд, ки дар ин росто зарфи чанд рӯзи оянда бо ҳузури устондори Хуросони разавӣ тафоҳумномаи байни минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс ва манотиқи озоди Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид .
Раиси ҳайати мудираи минтақаи вижаи Сарахс тасреҳ кард : Илова бар ин осонсозиҳои иқтисодӣ барои бозаргононе, ки дар масири байни Сарахс ва Тоҷикистон нисбат ба интиқол ва ҳамлу нақли бор иқдом кунанд ҳам дар назар гирифта хоҳад шуд.
Абдуллоҳзода Мустафо Рустам-мудири омили минтақаи озоди Кулоби Тоҷикистон низ дар ин боздид гуфт : Ба супориши раиси ҷумҳӯри кишварамон ва бо ҳадафи мустаҳкам кардани равобити иқтисодии байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳайати расмӣ аз вилояти Хатлон аз зерсохтҳои минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс дидан кард .
Мудири омили минтақаи озоди Кулоби Тоҷикистон бо таъкид бар тавсеаи ҳамкориҳои муштараки байни тарафайн изҳор кард : Тамоми барномаҳои ин ҳайат бар анҷоми муносиботи байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи ҳамкории мутақобилу судманди манотиқи вижаи иқтисодии Кулобу Сарахс мутамарказ шудааст.

 

Барчасп