Май 20, 2023 08:38 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори нахустин ҷашнвораи байналмиллалии филми « Исор » дар Машҳад

Нахустин ҷашнвораи байналмиллалӣ ва панҷумин ҷашнвораи миллии филму филмномаи « Исор » дар Машҳад оғоз ба кор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҷашнвора то 24 май идома дорад .
Гуруҳи доварони бахши байналмилали ҷашнвора муташаккил аз Босил Алхатибӣ-филмсоз ва раиси Муассисаи олии ҳунарҳои синамоӣ аз Сурия, Изом Солеҳ-филмсози шохиси ироқӣ, ҳоҷӣ Муҳаммад Ивич-филмсози босниёӣ ба ҳамроҳи Муҳсини Бирмаҳонӣ-филмсоз ва муовини Симои Созмони Садо ва Симои Эрон ва Муҳаммадризо Исломлу-филмсози эронӣ аст, ки осори роҳёфта ба бахши мусобиқаи байналмилали ин ҷашнвораро қазоват мекунанд .
Се филми синамоӣ дар рӯзи нахусти бахши мусобиқаи нахустин ҷашнвораи байналмилалии филму филмномаи «Исор» рӯйи парда мераванд ; филми синамоии « Яду » сохтаи Маҳдии Ҷаъфарӣ,«Ғариб»- сохтаи Муҳаммадҳусайни Латифӣ ва « Баччаҳои тӯфон »-сохтаи Содиқи Содиқи Дақиқӣ имрӯз рӯйи парда мераванд.
 

 

Барчасп