Фатҳи чаҳорумин қуллаи баланди дунё тавассути бонӯи эронӣ
Афсонаи Ҳисомифар-кӯҳнаварди эронӣ муваффақ ба баромадан ба қуллаи Лаҳутса-чаҳорумин қуллаи баланди дунё шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин қулла 8516 метр баландӣ дорад.
Ризо Зореъӣ-раиси Федерасиюни кӯҳнавардии Эрон рӯзи ҷумъа бо таъйиди хабари суъӯди Афсонаи Ҳисомифар ба қуллаи Лаҳутса гуфт : Ҳисомифар пеш аз ин низ муваффақ ба фатҳи қуллаи Онопурно, даҳумин қуллаи баланди дунё бо иртифоъи 8091 метр шуда буд.
Раиси Федерасиюни кӯҳнавардии Эрон тасреҳ кард : Ҳисомифар дар талош аст, то номи худро ба унвони нахустин зани эронии фотеҳи 14 қулла ҳаштҳазор метрӣ ба сабт расонад.Азими Қайчисоз-танҳо кӯҳнаварди эронӣ аст, ки тавонист бо суъӯд ба тамомии қуллаҳои болои 8000 метрӣ ба узвияти бошгоҳи 8000 метриҳо дарбиёяд.
Ҳисомифар суъӯд ба қуллаи Эверестро дар корномаи дурахшон худ дорад ва ба унвони нахустин бонӯи кӯҳнавард аз Ҷумҳурии исломии Эрони муваффақ ба фатҳи қуллаи КИ – 2, маъруф ба қуллаи ваҳшӣ дар Покистон дар тобистони соли гузашта шуд .
Лаҳутса бо иртифоъи 8516 метр чаҳорумин қуллаи баланди ҷаҳон аст, ки дар марзи Тиббет ( Чин ) ва Непал қарор дорад.
Ин қулла аз тариқи гарданаи ҷанубӣ ба Эверест пайванд аст.