Май 20, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи бархе мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ алайҳи Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, изҳороти мудохилаҷӯёнаи ҷадиди бархе мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ алайҳи Эронро маҳкум кард.

Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфт, сиёсатмадорони ғарбӣ ба ҷои мудохила дар умӯри дохилии соири кишварҳо ва намоиши чеҳрае ба зоҳир башардӯстона аз худ, беҳтар аст, садои эътирозоти шаҳрвандони худро бишинаванд ва вақти худро масруфи таъмини ҳуқуқи инсонӣ ва мутолиботи шаҳрвандии онон кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии вазорати умӯри хориҷа, Канъонӣ афзуд, нақзи густардаи ҳуқуқи аввалияи шаҳрвандони ғарбӣ, аз ҷумла ҳаққи озодии баёну тавассули полис ва неруҳои амниятӣ ба хушунати муфрат алайҳи мардуми муътариз дар Аврупо ва Амрико дар канори судӯри баёнияҳои сиёсӣ дар мавриди қавонини дохилии соири кишварҳо, ба вузӯҳ нишондиҳандаи истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар ба манзӯри пешбурди аҳдофу таҳаққуқи манофеи номашрӯъи сиёсӣ аст.

Вай тасреҳ кард, бисёр музҳик аст, ки касоне, ки худ собиқаи сангине аз нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар алайҳи дигар миллатҳоро доранд ва дар кишвари худ низ ошкоро машғӯли нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҳастанд ва низ дар муқобили фаҷоеъ ва ҷиноёти рӯзмарраи режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин сукут кардаанд ва ҳатто мавзеи ҳимоятӣ мегиранд, дар мавриди иҷрои аҳкоми қазоӣ нисбат ба қотилону тарвиҷдиҳандагони хушунат алайҳи ҷону оромиш ва амнияти мардуми Эрон изҳори назар мекунанд.

 

Барчасп