Филм ; истиқболи расмии Раиси ҷумҳӯри Индонезия аз Раисӣ дар кохи Мердека
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i102594-Филм_истиқболи_расмии_Раиси_ҷумҳӯри_Индонезия_аз_Раисӣ_дар_кохи_Мердека
Раиси ҷумҳӯри Индонезия дар маҳали кохи раёсати Ҷумҳурии ин кишвар аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон истиқбол кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 23, 2023 10:21 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳӯри Индонезия дар маҳали кохи раёсати Ҷумҳурии ин кишвар аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон истиқбол кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷоко Видодо, раиси ҷумҳӯри Индонезия имрӯзи сешанбе дар маҳали кохи Мердека ба сурати расмӣ аз Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар садри ҳайати олирутбаи иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Индонезия сафар кардааст, истиқбол кард.
Дар маросими истиқболи расмӣ пас аз гирифтани акси ёдгорӣ раисони ҷумҳӯри Эрону Индонезия дар муҳавватаи кохи раёсати Ҷумҳурии Индонезия ва ба нишонаи сулҳу дӯстӣ ду ниҳол коштанд. Билофосила пас аз маросими истиқбол аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтугӯи хусӯсии раисони ҷумҳӯри Эрону Индонезия  анҷом ва музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои олирутба низ баргузор шуд .
Пас аз ин нишаст низ асноди муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Эрону Индонезия тавассути мақомоти ду кишвар имзо мешавад .

Бештар бихонед :