Сардор Тангсирӣ: Нерӯи дарёии артиш ба кобуси ҳавлнок барои душманон табдил шудааст
(last modified Tue, 23 May 2023 07:41:53 GMT )
Май 23, 2023 12:41 Asia/Dushanbe
  • Сардор Тангсирӣ: Нерӯи дарёии артиш ба кобуси ҳавлнок барои душманон табдил шудааст
    Сардор Тангсирӣ: Нерӯи дарёии артиш ба кобуси ҳавлнок барои душманон табдил шудааст

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар паёме бо табрики бозгашти новгурӯҳи 86 нерӯи дарёии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба кишвар таъкид кард: Ҳузӯри дарёи дар обҳои ҷаҳон ва ибрози қудрати дарёи эҳёи яқ қудрати ҷаддид аст.

Ба гузориши Садои Хуросон,"Дарёдор Алиризо Тангсерӣ" фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, имрӯз (душанбе) бо судури паёме, бозгашти новгурӯҳи  86 ба меҳани исломиро ба дидори Шаҳроми Эронӣ фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон табрик гуфт.

Дар ин паём омадааст, ҳамкории самимона ва мантиқии нерӯи дарёии артиш ва нерӯи дарёии Сипоҳ заминасози иқтидор ва истиҳкоми бештари ҳофизони марзии дарёии кишвар аст.

Дар паёми фармондеҳи нерӯи дарёии Иқилоби Исломӣ омадааст муҷоҳидатҳо, ҳамосасозиҳо ва фадокориҳои размандагони нерӯи дарёии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҳифзу сиёнат аз истиқлол ва менофеъи миллии нимзоми Исломӣ дар тӯли умири бо баракати Инқилоб, бо ғайрату исори диловармардоне, ки бо истиқомат ва пойдори дар муқобили тамоми таҳдидоти душманон ва зиёдахоҳиҳои истекбори ҷаҳонӣ истодагӣ карданд, бар ҳеҷ кас пушида нест.

Дар идомаи ин паём омадааст, имрӯз нерӯи дарёӣ ҳамеша қаҳрамони артиши Ҷумҳӯри  Исломии Эрон бо таъкид бар имон ва азми росих ва баҳрабардорӣ аз тавонмандиҳои дифоъӣ ва низомии пешрафта ва боздоранда, ба кобуси ҳулнок барои душманон то дандон мусаллаҳ ва хусусан режими саҳюнистӣ Амрико ва муттаҳидони хабиси минтақаӣ ва фароминтақаи он дар саросари олам табдил шудааст, ба гунае, ки ҳатто ҷуръати рӯёпардозӣ барои таъарӯз ва таҷовӯз ба Эрони Исломиро аз  зеҳнҳои торики онон низ рабурдааст.