Имзои 11 санади ҳамкори миёни Эрон ва Индонезия
(last modified Tue, 23 May 2023 13:00:01 GMT )
Май 23, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Имзои 11 санади ҳамкори миёни Эрон ва Индонезия
    Имзои 11 санади ҳамкори миёни Эрон ва Индонезия

Мақомоти олирутбаи Эрон ва Индонезия дар ростои густариш ва таъмиқи таъомулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ 11 санад ва тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА маросими имзои аснод ва тафоҳумномаҳои ҳамкори миёни Ҷумҳурии Ислмии Эрон ва Индонезия имруз сешанбе дар Ҷакарта баргузор шуд ва мақомоти ду кишвар 11 санади ҳамкори имзо карданд.

Тафоҳумномаи тиҷорати тарҷиҳи, лағви раводид, мубодилоти фарҳангӣ, ҳамкории назорати бар тавлиди фаровардаҳои доруӣ, ҳамкори дар заминаҳои илмӣ, фановари ва навовари ва ҳамкории дуҷониба дар заминаи нефт ва газ аз ҷумла асноди ҳамкори имзо шуда миёни вазирони хориҷа, иртиботот, нефт, муъовини илми ва фановарии раиси ҷумҳур ва муовини вазири самт бо ҳамотоёни индонезиёӣ буд.

Дар ин маросим санадҳои ҳамкори имзошуда дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар рунамоӣ шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи душанбе ба даъвати расмии Ҷоко Видодо ҳамтои индонезияӣ худ Теҳронро ба мақсади Ҷакарта пойхатхти Индонезия тарк кард.

Имзои асноди ҳамкори дар бахшиҳои мухталиф дидор бо мақомот ва раисони маҷлиси намояндагон ва машварати, нишаст бо тоҷирон ва фаъолони иқтисодии ду кишвар гуфту бо олимон ва андешмандони индонезияӣ ва дидор бо эрониёни муқими Индонези дар ростои густариш ва таъмиқи таъомулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ бо кишварҳои осиёӣ аз барномаҳои сафари ду рузаи Раисӣ ба Индонезия аст.