Май 24, 2023 11:19 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Илали аҳамияти сафари расиҷумҳӯри Исломии Эрон ба Инданезия
    Таҳлил: Илали аҳамияти сафари расиҷумҳӯри Исломии Эрон ба Инданезия

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳӯрии Исломии Эрон шомгоҳи душанбе,ба даъвати расмии ҳамтои инданезии худ, ба ин кишвар сафар кард.

Ин сафар аз чанд буъд ҳоизи аҳамият аст.

Сафари Раисӣ ба Инданезия  нахустин сафари расмӣ ва ихтисосии руасои Ҷумҳӯри Эрон аз соли 2006 ба ин кишвар аст. Дар тӯли 17 соли гузашта , руасои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба Инданезия сафар карданд, аммо ин сафар барои ширкат дар иҷлосҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ буд. Сафари ихтисосӣ ба Инданезия дар имдоди  мутаъодил сохтани сиёсати хориҷаи Эрон қарор дорад, ки бар мабнои рушди равобит бо кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва исломӣ пайгири мешавад.

Сафари Раисӣ ба Инданезия ба ин маъност, ки таъомули Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо Шарқ танҳо ба Чин ва Русия маҳдӯд намешавад балки шомили кишварҳои муҳим ва асаргузори дигаре назири Инданезия, ки бо ҳудуди 239 миллион нафар ҷамъият, бузургтарин кишвари исломӣ аст низ мешавад.

Аҳамияти дигари сафари Раисӣ ба Инданезия марбут ба ин аст, ки ин сафар баёнгари шикасти роҳбӯрдии Ғарб ба хусус Амрико дар ҷиҳати мунзавӣ созии Эрон аст. Дар воқеъ, ин сафар хати бутлон бар  ингорасорзи  дурӯғинӣ Ғарб дар бораи Индезия ва  Эрон аст.

Бидуни тардид, муҳимтарин ваҷҳи аҳамияти сафари Раисӣ ба Инданезия марбут ба ҳавзаи иқтисод аст. Инданезия узви гурӯҳи 20 ва яке аз иқтисодҳои навзуҳӯри ҷаҳон аст. Ин кишвар дар ду даҳҳаи ахир рушди ҳудуди 5 дарсадии иқтисодиро таҷрӯба каррдааст. Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд баровард кард, ки иқтисоди Инданезия то соли 2045 ба чаҳорумин иқтисоди ҷаҳон табдил мешавад.

Агарчӣ Инданезия 22 миллиард бушка захоири нафтӣ дорад, аммо рушди иқтисоди ин кишвар дар партави даромадҳои нафтӣ нест балки Инданезия аз маъдудаи кишварҳои исломие аст, ки содироти санъатӣ ва илми дорад.Ҷакарта, ин рӯзҳо танҳо пойтахти Инданезия нест, балки конуни фановариҳои навинсозе аст. Инданезия дар миёни кишварҳои Ҷанубу Ғарби Осиё дар ҳавзаи техналогияи моҳвораи ҳам соҳиби рутба аст ва танҳо дар чаҳор соли гузашта 18 моҳвора барои аҳдофи мухталиф ба фазо партоб кардааст. Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба таҷрӯбиёт ва зарфиятҳои илмӣ, иқтисодӣ ва фанноварии Инданезия ниёз дорад ва метавонад бозор хубе барои содироти Инданезия бошад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷуҳӯрии Исломии Эрон бо вуҷӯди таҳримҳои густардаи Ғарб дар ҳавзаи фанновариҳои  пизишкӣ ва доруӣ ба тавоноиҳои дохилӣ ва бумии хубе даст ёфтааст, ки бозори бузурги Инданезия метавонад харидори хуби ин колоҳо бошад. Фарш, писта, хурмо,заъфарон, саноъеи дастӣ ва гиёҳони доруӣ низ метавонад аз дигар колоҳои содиротии Эрон ба Инданезия бошад.

Воқеъияти талх дар бораи равобити Эрон ва Инданезия марбут ба ҳаҷми андаки тиҷории дукишвар аст.  Вазорати Инданезия дар баёнияе ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрон ва Инданезия дар се моҳҳаи нахусти соли ҷории мелодиро 54.1 миллион доллар эълом кард ва ин дар ҳоле аст, ки равоти тиҷории дукишвар соли гузашта бо 23 дарсад афзоиш нисбат ба як сол қаблтар ба 257.2 миллион доллар расида буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба зафиятҳои зикр шуда барои дукишвар ва ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба иродаи ҷиддии мақомоти дукишвар барои рушди равобит,  метавон интизор дошт, ки ба раванди аслии сафари Раисӣ ба Инданезия, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷории дукишвар бошад.