Октябр 08, 2024 10:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон рутбаи ҳафти дунёро дар дорусозӣ дорад
    Эрон рутбаи ҳафти дунёро дар дорусозӣ дорад

Мудири кулли дору ва маводи таҳти контроли Созмони ғизо ва доруи Эрон аз содироти дору ба 40 кишвари дунё хабар дод.

Ғуломҳусайни Содиқиён, мудири кулли дору ва маводи таҳти контроли Созмони ғизо ва доруи Эрон бо ишора ба зерсохтҳову зарфиятҳои муносиби Ҷумҳурии исломии Эрон дар тавлиди дору гуфт, Эрон беш аз 450 хати тавлиди дору дар шаклҳои мухталиф дорад.

Содиқиён бо таъкид бар ин ки назоратҳо бар кайфияти тавлиди дору дар Эрон бо дунё баробарӣ мекунад, дар хусуси тавоноии Ҷумҳурии исломии Эрон дар тавлиди дору афзуд, дар намоишгоҳҳое, ки баргузор мешавад, гӯшаҳое аз тавонмандӣ ва зарфиятҳои тавлиди дору, аз ҷумла маводи аввалияи бастабандӣ ва фаровардаҳои доруӣ ба намоиш гузошта шудааст ва ин потенсиал ва омодагӣ барои баргузории намоишгоҳ дар кишварҳои дигар низ вуҷуд дорад.

Эрон дар арсаи тавонмандӣ ва пешрафтҳои пизишкиву дорӯсозӣ ҷузви кишварҳое аст, ки ҷомеаи илмиву байналмилалӣ дар ҳавзаи пизишкӣ ба ин тавонмандӣ эътироф кардаанд.

Тибқи эъломи масъулони Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, ҷумҳурии исломӣ дар бисёре аз шохисҳои пизишкӣ дар дунё ҷузви кишварҳои пешрафта ба шумор меояд, ба наҳве, ки дар пизишкӣ рутбаи 15 ва дар дорӯсозӣ рутбаи ҳафти дунёро ба худ ихтисос додааст.

 

Барчасп