Май 24, 2023 12:03 Asia/Dushanbe
  • Раиси Созмони энержии атомӣ: Қудрати ҳастаии Эрон қобили нафӣ нест

Раиси Созмони энержии атомии Эрон бо баёни инки қудрати ҳастаии Эрон қобили нафӣ нест, тасреҳ кард, имрӯз кулли чархаи фароянди сухти ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон комилан бумӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар гирдиҳамоии раисони намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар афзуд, имрӯз Ҷумҳурии исломии Эрон аз фанноварии ҳастаӣ арзишофарин бархурдор аст ба тавре, ки ширкатҳо ва кишварҳои фаровоне дар сатҳи ҷаҳон хоҳони оби сангини Эрон ва муштақоти он ҳастанд.

Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, муштақоти оби сангин як таҳаввули асосӣ дар саноати доруӣ, беҳдошт ва дармон эҷод мекунад, муаллафае, ки қудратсоз буда ва доруҳое, ки бар пояи он тавлид мешавад дар марзи дониш қарор доранд.

Исломӣ афзуд, имрӯз кулли чархаи фароянди сухти ҳастаӣ аз маъдан, яъне иктишофу шиносоӣ, истихроҷу фароварӣ аз маодин, табдил, ғанисозӣ, тавлиди сухт ва истифода аз он дар реакторҳо ба сурати комилан бумӣ шуда ва тавассути донишмандон ва неруҳои ҷавон ва талошгари Эрон иҷро мешавад.

 

Барчасп