Май 27, 2023 09:41 Asia/Dushanbe
  •  Турнаменти КАФА ; ҷавонони Эрон бо 3 гол Туркманистонро шикаст доданд

Тими зери 20 соли футболи Эрони сеюмин бозии худ дар турнаменти КАФА-ро муқобили Туркманистон бо пирӯзӣ пушти сар гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷавонони Эрон дар дидор баробари Туркманистон бо се гол ҳарифро шикаст доданд.
Шогирдони Алии Дӯстии Меҳр ҳамакнун бо ду бурд 6 имтиёзӣ ҳастанд .
Ризо Мирзоиён ( ду гол ) ва Сайидмаҳдии Маҳдавӣ барои ҷавонони Эрон голзанӣ карданд .
Мирзоиён ҳамчунин ба унвони беҳтарин бозикуни ин дидор интихоб шуд.
Ҷавонони футболи Эрони якшанбеи оянда охирин бозии соли ҷории турнаменти зери 20 соли КАФА-ро муқобили мизбони ин рақобатҳо яъне Тоҷикистон баргузор мекунанд.
Тими миллии зери 20 соли Эрон дар дидори аввал натиҷаро 2 ба 3 ба Узбекистон вогузор кард ва дар дуюмин дидор ҳам тавонист бо бартарии 4 ба 1 аз садди Афғонистон бигзарад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп