Май 27, 2023 17:34 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёте дар бораи даргирии марзбонони эронӣ бо нерӯҳои Толибон

Гузоришҳое дар мавриди ҷузъиёти даргирии марзбонони эронӣ бо нерӯҳои Толибони Афғонистон мунташир шуд.

Даргирӣ байни неруҳои марзбонии Ҷумҳурии исломии Эрон ва неруҳои Толибон имрӯз (шанбе) дар марзи Систон ва Балӯчистони Эрон ва вилояти Нимрӯзи Афғонистон ва дар манотиқе монанди атрофи рӯстоҳои Сосулӣ, Ҳотам ва Мокакӣ рух додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин даргирӣ аз силоҳҳои сабук ва нимасабук ва тӯпхона истифода шудааст бо ин ҳол ахборе мабнӣ бар баҳрагирии неруҳои эронӣ аз мӯшак комилан кизб аст.

Бар асоси ин гузориш, ахбори мабнӣ бар ҳадаф қарор дода шудани фурудгоҳи Заранҷ дар Афғонистон тавассути неруҳои эронӣ ғайривоқеъӣ ва кизб аст ва даргириҳо дар атрофи манотиқи рӯстоҳои Сосулӣ, Ҳотам ва Мокакӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Пас аз шурӯи даргириҳо мукотибот ва тамосҳое миёни сафорати Эрон дар Афғонистон ва вазорати дифои давлати Толибон барқарор мешавад.

Бар ҳамин асоси ин даргириҳо поён ёфта ва ду тарафи машғӯли баррасии чароии ин таниш ҳастанд.