Май 28, 2023 16:56 Asia/Dushanbe

Раиси расонаи миллӣ бо Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқа гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Бейрут , дар ин дидор ду тараф бештар дар бораи масъулиятҳо ва вазоифе, ки меҳвари муқовимат бавижа дар сатҳи расонаӣ ӯҳдадор аст суҳбат карданд ва дар бораи чолишҳои расонаӣ ва сиёсии пеши рӯи расонаҳои меҳвари муқовимат ва наҳваи муқобила бо онҳо табодули назар карданд.

Паймони Ҷибилӣ, раиси расонаи миллӣ зимни ироаи гузорише аз амалкарди Созмони садои ва симо дар ҳамроҳӣ бо муқовимат бавижа дар буъди бурӯнмарзӣ таъкид кард, Созмони садо ва симо дар даврони табйину тасбити пирӯзиҳои меҳвари муқовимат, ҳамон гӯна, ки дар замони набард ба шакли пештозу мумтозе амал карда ин масирро идома хоҳад дод.

 

Барчасп