Султони Уммон мавриди истиқболи расмии раисиҷумҳури Эрон қарор гирифт
(last modified Sun, 28 May 2023 14:37:16 GMT )
Май 28, 2023 19:37 Asia/Dushanbe
  • Султони Уммон мавриди истиқболи расмии раисиҷумҳури Эрон қарор гирифт

Маросими истиқболи расмии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз султон Ҳайсам ибн Ториқ, ки барои нахустин бор дар қомати подшоҳи Уммон ба Теҳрон сафар кардааст, дар маҷмаи фарҳангӣ - таърихии Саъдободи Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, маросими истиқболи расмии Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз подшоҳи Уммон бо навохтани сурӯди миллии ду кишвар ҳамроҳ шуд ва сипас раисони ҷумҳурии ду кишвар аз ягони ташрифотии ҳозир дар маҳали сон дида ва ҳайатҳои олирутбаи ҳамроҳро ба якдигар муаррифӣ карданд.

Қарор аст дар ҷараёни ин сафар чаҳор санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энержӣ миёни ду кишвар ба имзо бирасад.

Дар ин сафар 12 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои энержӣ, сиёсӣ, ҳамлу нақл, ҳамкориҳои дипломатӣ, равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ, илмӣ, муҳити зисту варзишӣ ба имзо расад.

Подшоҳи Уммон дар ростои тақвияти равобити дӯстонаи дукишвар дар заминаҳои мухталифу густариши ҳамкориҳо ва баррасии охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон ба муддати ду рӯз ба Теҳрон сафар кардааст.