Май 29, 2023 09:14 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Равобити Эрон ва Уммон иртиқо ёфта аст
    Раисӣ: Равобити Эрон ва Уммон иртиқо ёфта аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Уммон таъкид кард: Равобити Эрон ва Уммон аз марҳалаи тиҷорӣ ба сармоягузори иртиқо ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишаст бо баёни ин ки равобити Эрон ва Уммон аз марҳалаи тиҷорӣ ба марҳалаи сармоягузори иртиқо ёфта аст гуфт: Дидгоҳҳои муштарак ва руйкарди тақвияти ҳамкории минтақаӣ сарони ду кишвар дар канори зарфиятҳо ва заминаҳои муносиби мутақобил метавонад равобити байни ҳамдигарро дар арсаҳои дуҷониба ва минтақаӣ густариш диҳад.

Раиси ҷумҳур зарфиятҳои ду кишвар дар бахшҳои саноат, тиҷорат, иртиботот, умури дифоъӣ ва амнияти, масири ҷодаӣ ва рейли, ҳамлунақли дарёӣ ва транзити, мубодилоти моли ва пули ва энержиро аз ҷумла заминаҳои муносиб барои густариши ҳамкориҳо баршуморид ва бо ишора ба музокироти мақомоти Эрон ва Уммон дар заминаи афзоиши сармоягузори бар ниҳоӣ шудани ташкили сандуқи ҳимоят аз рушди сармоягузории муштарак таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин бо ишора ба мавозеъи муштараки ду кишвар дар мавзуъоти марбут ба Яман ва Фаластин аз нақши Уммон ва ба вижа Султон Ҳасим бин Ториқ дар талош барои таҳаққуқи ҳуқуқи мардуми Яман ва низ мардуми Фаластин қадрдони кард ва хостори идомаи ҷиддии ин нақшофарини шуд.

Султони Уммон низ дар ин нишаст гуфт: Сатҳри равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаӣ ду кишвар иртиқои чашмгири дошта ва агар чи ҳаҷми табодулоти тиҷорӣ 2 баробар шуда аст аммо ба зарфиятҳо ва заминаҳои мутанавеъ ва мусоиди ду кишвар ҳануз то сатҳи матлуби равобит фосила дорем ва бояд талоши бештари ин зарфиятҳоро билфел кунем.

Барчасп