Май 30, 2023 14:16 Asia/Dushanbe
  • Силоҳи пешрафтае ,ки фақат Русия, Чин ва Эрон доранд

Бо эъломи сардор Амиралии Ҳоҷизода, Эрон ба зудӣ аз мушаки пешрафтаи бумии худ рӯнамоӣ мекунад ва дар канори Русияву Чин танҳо дорандаи амалиётии ин мушак мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба гуфтаи Ҳоҷизода ин мӯшак суръати болое ( ҳудуди 12 то 13 мойл муодили 220 километр дар дақиқа ) дорад ва дар фазо метавонад манёвр диҳад ,сомонаҳои зиддимушакии душманро ҳадаф қарор медиҳад ва як ҷаҳиши бузурги наслӣ дар ҳавзаи мушакӣ аст .
Мӯшакҳои ҳойперсоник аз фанновариҳои низомии ҷадиди ҷаҳон ба шумор мераванд ва андак кишварҳое ба фанноварии он даст ёфтаанд.
Русия аз нахустин кишварҳое буд, ки ин гуна мӯшакро амалиётӣ кард ва дар ҳамла ба Украина амалан табдил ба нахустин кишваре шуд, ки онро дар майдони набард мавриди истифода қарор дод .

 
Бештар бихонед :

 

Барчасп