Табрики солрӯзи милоди босаодати имом Ризо (а)
Чаҳоршанбе, 11 зулқаъдаи 1444 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 31 майи 2023 , солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Алӣ бин Мусо ал Ризо (а) аст.
Ҳазрати имом Ризо (ъ) дар рӯзи ёздаҳуми зулқаъдаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадинаи Мунаввара, чашм ба ҷаҳон гушӯданд ва дар сини 36 солагӣ баъд аз шаҳодати падари бузургворашон ҳазрати имоми Мусои Козим (а) имомати мусулмононро ба ӯҳда гирифтанд.
Азимати имом Ризо (а) забонзади хосу ом буд, ҳар ҷо сухан аз волоии ҳошимиён ва алавиён ва фотимиён ба миён меомад, эшонро ягона вориси он ҳама қадосату шуҷоат ва бузургворӣ мешинохтанд.
Аз фазоили имом нақл шудааст, олимтар аз ҳазрати имом Ризо (а) дар замони худаш вуҷӯд надоштааст.
Даврони ҳаёту имомати ҳазрати имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмату таҳорат (а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а)аст
Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон, фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Ризо (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегуяд.