Июн 02, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • Меҳдии Торимӣ
    Меҳдии Торимӣ

Ситораи тими миллии футболи Эрон дар тими мунтахаби беҳтаринҳои Лигаи Португалия қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, намоиши хиракунандаи Меҳдии Торимӣ, ситораи тими миллии футболи Эрон дар фасли 2022 - 2023 Лигаи Португалия ба ҳамроҳи тими “Порто” боис шуда то ситораи собиқи “Персполис” ҷоизаҳои беҳтаринҳоро яке пас аз дигаре касб кунад.

Созмони Лигаи бартари Португалия ба муаррифии беҳтаринҳои фасл дар қолаби тими мунтахаб пардохт, ки Торимӣ дар хати ҳамлаи беҳтарин ситорагони футболи Португалия қарор гирифт.

Пеш аз ин Торимӣ бо задани 22 гол дар Лигаи Португалия, ҷоизаи “Оқои голӣ”-ро касб карда буд.

 

Барчасп