Июн 03, 2023 09:12 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи аъзои БРИКС аз узвияти Эрон

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Аъзои аслии БРИКС бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти геополитикӣ ва зарфиятҳои мавҷуд аз узвияти Эрон дар ин гуруҳ истиқбол карданд .

Вазирони хориҷаи гуруҳи БРИКС шомили Русияининд,Бразилия ва Африқои ҷанубӣ ва кишварҳои дӯсти ин гуруҳ аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар нишасти дӯстони БРИКС дар Африқои ҷанубӣ дидор ва дар бораи мавзӯъоте чун масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, ҳифозат аз чандҷонибагароӣ, тавсеаи пойдор, таъсироти иқтисодии таҳримҳои байналмилалии якҷониба ва мубориза бо тероризм гуфтгӯ карданд .
Истифода аз воҳиди пули муштарак байни кишварҳои узви гуруҳи БРИКС ва пазириши аъзои ҷадид аз дигар мавзӯъоти мавриди баҳс дар нишасти дӯстони БРИКС буд .
Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон бо ташреҳи дастовардҳои ширкати Эрон дар иҷлоси дӯстони БРИКС изҳор дошт : Дар ин нишаст ки шурӯи гомҳои муқаддамотӣ барои баррасии дархости узвияти Эрон ва изофа шудан ба панҷ кишвари аслии узв Ҷумҳурии исломии Эрон тавонист мавозиъи худро баён кунад .
Амирабдуллоҳиён идома дод : Бо вузарои хориҷаи Русия, Бразилияинд ва Африқои ҷанубӣ, ки дар ҷаласа ҳузури доштанд роҷеъ ба чигунагии узвияти Эрон ва механизме ки дар ҳоли танзим шудан аст, гуфтугӯ кардааст .Вай тасреҳ кард : Дар маҷмӯъ ин панҷ кишвар ҳимояти худро аз шурӯи узвияти Эрон эълом карданд .
Амирабдуллоҳиён гуфт : Аъзои аслии БРИКС бисёр алоқаманд ҳастанд, ки илова бар муносиботи дуҷониба дар чорчӯби эътилофи ҷадиди БРИКС ё Шанхай ҳам битавонанд равобити иқтисодӣ ва тиҷории нерумандтареро бо Эрон дошта бошанд .
Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Эрону Арабистон низ аз ҷумла кишварҳое ҳастанд, ки қасди узвият дар ин гуруҳи иқтисодиро доранд .
Кишварҳои узви гуруҳи БРИКС беш аз 40 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон ва наздик ба чаҳорякии тавлиди нохолиси дохилии кураи Заминро дар ихтиёр доранд .

 

Барчасп