Декабр 22, 2016 18:53 Asia/Dushanbe
  • Вуруди раисҷумҳури Эрон ба Қирғизистон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби сафари давраии худ ба Осиёи Марказӣ баъд аз зуҳри имрӯз вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор аст, дар Бишкек бо Аламосбек Отамбоев ҳамтои қирғизаш дидор ва дар бораи равобити дуҷониба, масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон табодули назар кунад. Имзои асноди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ аз дигар барномаҳои сафари Рӯҳонӣ ба Қирғизистон аст.

Дидор аз Қирғизистон сеюмин ва охрин мақсади раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба се кишвари Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аст. Раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар оғози сафар худ ба Осиёи Марказӣ вориди Арманистон шуда, сипас ба Қазоқистон рафт. Дар сафари Рӯҳонӣ ба Ереван ва Остона даҳ санади ҳамкорӣ байни Эрон ва ин кишварҳо имзо шуд.

 

 

Барчасп