Нойиб-қаҳрамонии варзишкори эронӣ дар мусобиқоти қоиқронии Маскав
Миллипӯши рӯйинги Эрон ба медоли нуқраи мусобиқоти қоиқронии Маскав расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии қоиқронии рӯйинги мардону занони Эрон дар мусобиқоти Маскав ширкат кардаанд.
Рӯзи ҷумъа ва дар нахустин рӯзи мусобиқот,Нозанини Мавлоӣ дар финоли A-и рӯйинги якнафараи сабуквазни бонувон дар рақобат бо ҳарифи русӣ ва се рақиб аз Беларус бо замони 8 : 22.900 дақиқа дар радаи дувум қарор гирифт ва соҳиби медоли нуқра шуд .
Амирҳусайни Маҳмудпур дар финоли B рӯйинги якнафараи сабуквазни мардон бо рақиби беларусӣ ва чаҳор ҳарифи русӣ мусобиқа дод ва бо замони 8 : 13 . 278 дақиқа дар ҷойгоҳи нахуст қарор гирифт ва ба унвони ҳафтумии рақобатҳо дар ин мода расид .
Зайнаби Наврӯзӣ дар финоли A рӯйинги зери 23 соли бонувон бо панҷ рақиб аз Русия мусобиқа дод ва бо замони 8 : 20 . 830 дақиқа дар радаи шашум қарор гирифт .
Варзишкороне аз кишварҳои Беларус, Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Сербия, Арманистон ва Эрон дар қолаби 25 тим дар ин рақобатҳо ҳузур доранд .