Июн 04, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Инқилоби имом Хумайнӣ(р) тамоми муъодилоти сиёсиро дар ҷаҳон баҳам рехт
    Раисӣ: Инқилоби имом Хумайнӣ(р) тамоми муъодилоти сиёсиро дар ҷаҳон баҳам рехт

Риси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки пайванди маънавият ва сиёсат аз ҷилваҳои сираи имом Хумайнӣ(р) буд хотирнишон кард инқилоби имом Хумайнӣ(р) тамоми муъодилоти сиёсиро дар ҷаҳон баҳам рехт ва муъодилоти ҷадиди шакл гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мошгоҳи шанбе дар шаби сивучаҳорумин солгарди реҳлати бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷамъи ошиқон ва иродатмандони имом Хумайнӣ(р) дар ҳарами мутаҳари эшон бо баёни ин ки бо вуҷуди гузашти 34 сол аз реҳлати имом, аммо эшон зинда ҳастанд афузд: Имруз роҳ, сира ва каломи роҳгушои имом Хумайнӣ(р) барои миллати Эрон ва дигар миллатҳои озодаи ҷаҳон беш аз ҳар замони дигар дар ҷаҳон равнақ ва ривоҷ дорад.

Раисӣ изҳор кард имом Хумайнӣ(р) Ҷумҳурии Исломиро мубтани ва бо пайванд миёни иродаи мардум ва ормонҳои Илоҳи бунён гузошт дар ҳоле, ки бисёри аз балоҳо ва мусибатҳои имрузи ҷаҳон ноши аз ҷудоӣ сиёсатмадорон аз маънавият аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард ба унвони мисол 70 сол ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён ва бисёри ҷиноёти дигар дар ҷаҳон ва сохт ва истифодаи силоҳҳои куштори ҷамъи ҳама ноши аз ҳамин дурафтодани сиёсатмадорон аз маънавият аст.

Раисӣ бо таъкид бар ин ки яке аз авомили муҳим ва муассир бар шаклгирии назми ҷадиди ҷаҳони инқилоби исломӣ аст гуфт: Имруз шохисаҳои қудратманди ва якҷонибагароӣ Амрико дар ҳоли уфул аст ва қудратҳои ҷадид ва навзуҳур мисли созмонҳои минтақаӣ ба вижа дар Осиё дар ҳоли шаклгири аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки инқилоби исломӣ як пойи муҳим ва муассири ин ҷараён дар ҳоли шаклгири ба нафъи ҷараёни муқовимат аст афзуд: Вазъияти режими саҳюнистӣ ба унвони тавалуди номубораки Амрико дар минтақа дар таърихи 70 солаи гузашта аз шаклигирии ин режим ҳеҷ замони ба бадии имруз набуда аст ва инҳо шохисаҳо ва намудҳои қобили таваҷуҳи аз шаклгирии назми ҷадиди ҷаҳони ҳастанд.

Раисӣ бо баёни ин ки имруз парчами исодагӣ ва муқовимат дар дасти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аст хотирнишон кард ҳар кишвари бихоҳад бо Эрон равобит дошта бошад омодаи таъомул ва ҳамкори ҳастем аммо дар баробари ҳар кишваре, ки қасди истодаги муқобили миллати Эрон дошта бошад муқовим хоҳем истод.