Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҷабҳаи истикбор муқобили Эрон саф кашиданд
-
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҷабҳаи истикбор муқобили Эрон саф кашиданд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими сивучаҳорумин солгарди реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ(р) дар ҳарами мутаҳҳари эшон бо баёни ин ки ҷабҳаи душман, ҷабҳаи истикбор ва зургуӣ ҷаҳон тағир пайдо намекунад афзуданд: Онҳо муқобили Эрон сафкашиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садо Хуросон ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин маросим гуфтанд: Ончи ки метавонад мисли дараи хатарноки дар муқобили ҳаракати мо қарор бигирад фаромуш кардани ҷабҳабандиҳои душманон аст.
Раҳбари муаззами инқиллоби исломӣ бо баёни ин ки душмании истикбор бо миллати Эрон ақибнишинии мавзеъи аз байн намеравад таъкид карданд дар мавриди мутаъадиди ақибнишиниҳои мо сабаб шуд онҳо пеш омаданд ва бештар муътариз шуданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки душманон то кунун талошҳое доштанд аммо дар аксари талошҳояшон шикаст хурданд афзуданд: Охирин талоши душман то имруз иғтишошоти поизи гузашта буд ва тароҳии иғтишошоти поизи гузашта дар утоқҳои фикри кишварҳои ғарби анҷом шуд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки пуштибонии молӣ ва расонаӣ ва тасҳилот ба василаи дастгоҳҳои амниятии ғарби подуӣ ин ҳаракатро унсурҳое, ки пушт ба ватан карда буданд анҷом доданд хотирнишон карданд: Аҳмақҳо боз ҳам иштибоҳ карданд ва миллати Эрон ба фарохонии онҳо беэътиноӣ кард ҷавонон муътақиданд басиҷи донишҷуӣ ва басиҷи ақшор ва мардум нақши душманро ботил карданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки ҳифзи истиқлоли миллӣ ва иззат ва манофеъи миллӣ бо имон ва умед аст гуфтанд: Ҳаркасе ба дунболи ҳалли мушкилоти кишвар аст ва ба дунболи ҷойгоҳи боиззати Эрон дар назми навини пеширу аст бояд барои тарвиҷи имон ва умед дар кишвар талош кунад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки омоҷи душман ба ҳамин имону умед аст таъкид карданд: Талоши душман мутаваҷеҳи ин аст, ки имонро тазъиф ва шуълаи умедро дар дилҳо хомуш кунад.
Хабар такмил мешавад.