Июн 05, 2023 16:43 Asia/Dushanbe
  • Канъонии Чофӣ: Маконҳои дипломатии Эрон дар Арабистон сешанбе ва чаҳоршанбе расман бозгушоӣ мешавад
    Канъонии Чофӣ: Маконҳои дипломатии Эрон дар Арабистон сешанбе ва чаҳоршанбе расман бозгушоӣ мешавад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Дар такмили раванди иҷрои тавофуқи дуҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ барои барқарории равобити дуҷониба сафорати Эрон дар Риёз сарконсулгарии Эрон дар Ҷада ва намояндагии доими Эрон назди созмони ҳамкории исломӣ рузҳои сешанбе ва чаҳоршанбе ба сурати расми бозгушоӣ хоҳанд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Носири Канъонии Чофӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси бозгушоӣ сафоратхона, сарконсулгари ва намояндагии Эрон дар созмони ҳамкории исломӣ дар Арабистони Саъудӣ афзуд: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Риёз ва сарконсулгарии Эрон дар Ҷада қабл аз азимати ҳоҷиёни эронӣ фаъолияти амалии худро дар ҷиҳати тасҳили умури ҳоҷиёни Байтуллоҳулҳаром оғоз карда ва акнун намояндагиҳои мазкур бо ҳузури масъулони Вазорати умури хориҷаи ду кишвар расман бозгушоӣ мешаванд.

Дар ҷараёни музокироти Эрон ва Арабистон дар шаҳри Пекан ду кишвар ҷумъа 10 марти соли 2023 тавофуқ карданд, ки пас аз 7 сол равобити дипломотики худро аз сар бигиранд.

Бар асоси ин гузориш Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон рузи гузашта дар тамоси телефони бо сарпарасти мувақати сафорати Эрон дар Риёз дар ҷараёни охирин вазъият ва барномарезии анҷомшуда барои ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Риёз ва сарконсулгари дар Ҷада қарор гирифт.

Барчасп