Дархости дастраси ба додаҳои иқтсиодии Эрон рад шуд
(last modified 2023-06-05T12:04:30+00:00 )
Июн 05, 2023 17:04 Asia/Dushanbe
  • Дархости дастраси ба додаҳои иқтсиодии Эрон рад шуд
    Дархости дастраси ба додаҳои иқтсиодии Эрон рад шуд

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели таҳримҳои Амрико дастрасии сандуқи байналмилалии пул ба бархе аз додаҳои табақабандишудаи иқтисодиро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадризо Фарзин раиси кулли бонки марказии Эрон дар дидор бо Кристалина Георгиева раиси сандуқи бақналмилалии пул дар Вашенгтон афзуд: Эрон наметавонад ба далели таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико ва риъояти масолеҳи миллӣ ба сандуқи байналмилалии пул дастараси ба бархе аз додаҳои табақабандишудаи иқтисодии худро фароҳам кунад.

Раиси кулли бонки марказии Эрон бо ишора ба оғози таъомулоти Эрон бо созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла манобеъи дар дастраси Эрон дар сандуқи байналмиалии пул дар қолаби ҳақи вижаи бардошт 6.7 миллиард доллар ва фароянди асарбахии сиёсатҳои пули ва молӣ дар натиҷаи афзоиши ҳамкориҳо гуфт: Сиёсатҳои пули ва молии Эрон таваруми кишварро дар соли ҷорӣ ба канали 30 дарсади коҳиш хоҳад дод.

Раиси сандуқи байналмиалии пул ҳам гуфт, ки ин нишаст нишонаи аз саргирии таъомул байни бонки марказии Эрон бо ожонси молии Созмони Милал аст. Дидори Фарзин бо Георгиева аввалин дидори раиси кулли бонки марказии Эрон бо раиси сандуқи байналмилалии пул дар даҳҳои гузашта буд.

Раиси кулли бонки марказии Эрон барои дидор ва гуфтугу бо мақомоти сандуқи байналмилалии пул ба Вашенгтон сафар карда аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамакунун узви ҳайатмудираи сандуқи байналмилалии пул аст.

Сандуқи байналмилалии пул ба тозагӣ бо интишори гузориши дар пойгоҳи додаҳои омори худ бо ишора ба афзоиши 141 миллиард доллар тавлиди нохолиси дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2023 иқтисоди Эронро дар ин сол ба унвони бистудувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон муъаррифи кард.

Барчасп