Канъонӣ: Мақомоти амрикоӣ аз иттиҳомзаниҳои беасос ба Эрон парҳез кунанд
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни инки дар тақвияти тавони боздорандагӣ ва низ ҳифозат аз ҳуқуқу амнияти худ тардид намекунем, ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард аз иттиҳомзаниҳои бепоя ва асос ба Ҷумҳурии исломии Эрон парҳез кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ бо ишора ба изҳороти вазири умури хориҷаи Амрико дар нишасти солонаи ОПЕК изҳор дошт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора таъкид карда, ки ҳимоят аз миллати Фаластин дар ростои ҳимоят аз мазлӯм ва ҷумбишҳои озодибахшу мубтанӣ бар ҳимоят аз ҳаққи таъйини сарнавишт, нафии ишғолгарӣ ва мубориза бо апартеид аст.
Канъонӣ таъкид кард, таҳдид ба тавассул ба зӯр тавассути Амрико алайҳи соири давлатҳо, хилофи ҳуқуқи байналмилал бавижа мафоди Маншури Милали муттаҳид аст ва бар ҳамин асос Ҷумҳурии исломии Эрон дар тақвияти тавони боздорандагӣ ва низ ҳифозат аз ҳуқуқу амнияти худ тардид нахоҳад кард.
Вай ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард, аз иттиҳомзаниҳои бепоя ва асос ба Ҷумҳурии исломии Эрон парҳез карда ва дар тадовуми сиёсатҳои ғайриқонӯнӣ ва шикастхӯрдаи худ нисбат ба Эрон таҷдид назар кунанд.