Декабр 22, 2016 21:17 Asia/Dushanbe

Фардо, сеюми дай, 23 декабр дар тақвими Эрон ба номи Рӯзи сабти аҳвол (сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ, таваллуд, вафот ва ғ.) номгузорӣ шудааст. Ба ин муносибат ҳамкорамон Қосимӣ дар нишасте бо масъулони Созмони сабти аҳволи Хуросони Разавӣ дар бораи шароити зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ дар Эрон суҳбат кардааст.

Ҷаводи Зоҳирӣ, муовири раиси бахши умури асноди ҳувиятии Созмони сабти аҳволи Хуросони Равзавӣ ва Муҳаммадҳусайни Найирӣ, мудири кулли Созмони сабти аҳволи Хуросони Разавӣ дар ин гуфтугӯ дар бораи қонунҳои сабти вилодат, фавти шаҳрвандони хориҷии муқими Эрон, издивоҷ бо шаҳрвандони Эрон, шароити касби гирифтани шаҳрвандии Эрон ва нақши Созмони сабти аҳвол дар раванди гирифтани шаҳрвандӣ суҳбат кардаанд.