Июн 09, 2023 17:18 Asia/Dushanbe
  • Транзити Эрон бо Аврупо
    Транзити Эрон бо Аврупо

Бо баҳрабардорӣ аз пружаи роҳи оҳани Миёна - Бустонобод – Табрез, транзити рейлии Эрон барои нахустин бор ба Аврупо муттасил шуд.

Бо ҳузури Сайид иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон роҳи оҳани Бустонобод - Ховарон дар Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон, ба унвони бахше аз пружаи роҳи оҳани Миёна - Табрез ифтитоҳ шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз дар ин маросим гуфт: Эҳдоси ин масири роҳи оҳан аз мутолиботи мардуми устони Озарбойҷони Шарқӣ дар даври дувуми сафарҳои устонӣ буд, ки бо ҳиммату талоши давлат пас аз вақфае 22 сола ба саранҷом расид.

Бо ифтитоҳи ин бахш аз роҳи оҳани Миёна – Табрез, масири рейлии Теҳрон то Табрез 114 километр кӯтоҳ ва замони сафар коҳиш меёбад.

 

Барчасп