Декабр 23, 2016 17:56 Asia/Dushanbe
  • Имзои панҷ тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Эрон ва Қирғизистон

Мақомоти Эрону Қирғизистон дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар дар Бишкек панҷ санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ҳамкорӣ дар заминаи иртибототу фанновариҳои иттилоот, мубориза бо тавлид, қочоқу масрафи маводи мухаддир, мубодилоти фарҳангиву ҳунарӣ, итилоърасониву гардишгарӣ, беҳдоштиву пизишкӣ ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи иҷтимоиву корӣ панҷ санади ҳамкорӣ буд, ки барои тавсеаву тақвияти муносиботу ҳамкориҳои Теҳрону Бишкек ба имзои масъулони ду кишвар расид.

Ҳамчунин дар ин сафар барномаи ҳамкориҳои баландмуддати Эрону Қирғизистон барои солҳои 2016-2026 ва баёнияи муштараки ду кишвар низ мунташир шуд.

Раиси ҷумҳурии Эрон дар охирин марҳала аз сафари минтақаии худ панҷшанбешаби вориди Бишкек шуд ва дар фурӯдгоҳ мавриди истиқболи расмии Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳрии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар оғози сафари давраии худ вориди Арманистон шуд ва сипас ба Қазоқистон рафт.

Рӯҳонӣ дар Ереван ва Остона зимни дидору гуфтугӯ бо раисони ҷумҳурии Арманистону Қазоқистон дар маросими имзои даҳ санади ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, гардишгарӣ ва ҳамлу нақл ҳузур ёфт.

 

Барчасп