Сарлашкар Боқирӣ: Ҷумҳурии исломии Эрон дар масири қудратёбӣ аст
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон дар масири қудратёбист ва дар ҳоли истифода аз зарфиятҳои худ барои ҳаракати ҷаҳишии рӯ ба ҷилав дар ҳамаи заминаҳо аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ афзуд: Ҷаҳон дар остонаи назми навине истодааст, ки дар он Амрико дар раъси ҳирами қудрати ҷаҳонӣ нест ва режими саҳюнистӣ низ дар масири тазъиф қарор дорад.
Сарлашкар Муҳаммадбоқирӣ бо ишора ба сафари муваффақиятомез ва ифтихорофаринии новгурӯҳи 86 артиш, низ гуфт: Дар ин сафар паёми қудрат, сулҳу дӯстии Ҷумҳурии исломии Эрон ба саросари қораҳо ва уқёнусҳо мунтақил шуд, ки ин паём нишон аз қудрату тавсеаи ҷуғрофиёии нақшофаринии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дунё аст.